Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти дуои 9,5 миллион толибилм барои Малола


Дуои дастаҷамъии толибилмон дар Ҷалолобод
Дуои дастаҷамъии толибилмон дар Ҷалолобод
Миллионҳо толибилми афғон рӯзи шанбе барои сиҳҳатии Малола Юсуфзай дасти дуо кушоданд. Ин духтари 14-сола дар пайи нашри хотироташ дар Интернет дар бораи султаи ҷангиён дар водии Свот мавриди ҳамла қарор гирифт ва ҳоло бо чандин захми сахти тир дар бемористони Равилпиндӣ табобат мегирад. Вазорати маорифи Афғонистон гуфт, бо талаби шифои комил барои ин духтари покистонӣ ҳудуди 9,5 миллион толибилми 15 000 мактаб дар саросари Афғонистон даст ба дуо бурдаанд.
XS
SM
MD
LG