Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори қурбониҳо дар Дараи Одамхел ба 16 расид


Шумори қурбониёни таркиши сангин дар рӯбарӯи дафтари раҳбарони қабоил дар шаҳри Дараи Одамхели вилояти Хайбар-Пахтунхва дар шимолуғарби Покистон ба 16 расид. Фахруддин, як мақоми минтақаи қабиланишини Кӯҳат гуфт, бомб дар назди бозор дар як мошини хурди боркаш ҷобаҷо шуда буд. Ба гуфтаи ин мақом, ҳадафи ҳамла зоҳиран дафтари ихтиёрон аз кумитаи сулҳ буд. Ин созмон ба талошҳои давлати Покистон алайҳи ҷангиёни исломӣ ҳамдастӣ мекунад. Дараи Одамхел бо бозори фурӯши силоҳҳои худсохташ маъруф аст.
XS
SM
MD
LG