Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши тиҷорати хориҷии Чин дар моҳи сентябр


Оморҳои ахир аз Чин ҳокист, ки воридоту содироти ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Омори гумрукии моҳи сентябр аз 9,9 дарсад афзоиши содироти Чин назар ба соли қаблӣ ва 2,7 фоиз афзоиш нисбат ба моҳи август дарак медиҳад. Воридоти Чин низ дар моҳи сентябр 2,4 фоиз бештар шудааст. Ҷамъи тиҷорати хориҷии иқтисоди дувуми дунё дар моҳи сентябр 27,7 миллиард долларро ташкил дод, ки аз 20,7 миллиарди як соли қабл ва 26,7 миллиард доллари моҳи август зиёдтар аст.
XS
SM
MD
LG