Пайвандҳои дастрасӣ

Дар задухӯрдҳои рӯзи ҷумъа байни тарафдорон ва мухолифони раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира беш аз 100 тан ҷароҳат бардоштанд. Ин нахустин мавриди хушунати шадид аз замони ба раёсат расидани Мурсӣ дар қариб 4 моҳи пеш буд. Ду ҷониб якдигарро бо чӯбу калтак ва сангу бетон ҳамла карданд. Ду автобусеро, ки Ихвонулмуслимин истифода мебурд, оташ задаанд. Дар бораи дахолати пулис дар ин занозанӣ гузорише нарасидааст. Мунтақидон мегӯянд, Мурсӣ дар 100 рӯзи раёсат ба ваъдаҳояш, аз ҷумла дар мавриди эҳёи иқтисод, амал накард. Мурсиву Ихвонулмуслимин ва исломгароҳои дигарро ҳамчунин ба талоши исломӣ сохтани давлат айбдор мекунанд. Аммо тарафдоронаш мегӯянд, ки Мурсӣ барои рафъи мушкилоти бозмонда аз ҳукумати худкома ва фосиди Ҳуснӣ Муборак ба фурсати бештар ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG