Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи хунин дар Дараи Одамхел


Рӯзи шанбе таркиши сангини мошини бомбгузоришуда дар рӯбарӯи дафтари раҳбарони қабоил дар шимолуғарби Покистон дастикам 13 кушта ба ҷо гузошт.Намояндаи пулис Наимхон гуфт, дар ин ҳамла дар шаҳри Дараи Одамхел дар вилояти Хайбар-Пахтунхва дастикам 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ягон гурӯҳ ҳанӯз масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Таҳрики Толибони Покистон қабланбарои муҷозоти раҳбарони қабоили тарафдори давлат аз чунин ҳамалот кор мебурд. Дараи Одамхел бо бозори фурӯши силоҳҳои худсохташ маъруф аст.
XS
SM
MD
LG