Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз 100-солагии Улуғзодаро таҷлил мекунанд


Имрӯз дар як маросими хос дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе 100-солагии адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзодаро ҷашн мегиранд. Раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ба “Азия Плюс” гуфтааст, “адабиёти асри бисти тоҷикро бидуни эҷодиёти ин устод ва донишманди бузург наметавон тасаввур кард.” Ба гуфтаи ӯ, “осори Улуғзода ҳам дар паҳнои пасошӯравӣ ва ҳам дар Эрону Афғонистон баҳои сазовор гирифтааст.” Сотим Улуғзода соли 1911 дар Чуст, қаламрави Узбакистони кунунӣ ба дунё омада,бо асарҳое, чун “Субҳи ҷавонии мо”, “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳрат ёфт. Дар солҳои 70, баъди ба Бритониё рафтани писараш Азиз таҳти таъқиби мақомот қарор гирифт ва чандин муддат нашри китобҳояш манъ шуда буд. Сотим Улуғзода дар поёни соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Маскав кӯч баст ва соли 1997 дар ғурбат даргузашт.
XS
SM
MD
LG