Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргирӣ миёни ҳаводорон ва мухолифони Мурсӣ дар Қоҳира


Дар ҷараёни даргириҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, дар Қоҳира беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд.

Аз се моҳ пеш то кунун, ки Муҳаммад Мурсӣ ба унвони раисиҷумҳури Миср баргузида шуд, ин нахустин бор аст, ки миёни мухолифон ва ҳаводорони вай даргириҳои хушунатомез рӯй медиҳад.

Дар ин даргириҳо ҳамчунин шуморе аз автобусҳои вобаста ба «Ихвонулмуслимин» ба оташ кашида шуданд. Тибқи гузоришҳо, пулис дар задухӯрдҳои шаби гузашта ва бомдоди шанбе дахолат накардааст.

Мухолифони Мурсӣ мегӯянд, вай муваффақ нашудааст ба ваъдаҳое, ки дар мавриди анҷоми ислоҳот дар 100 рӯзи аввали раёсати ҷумҳурияш додааст, амал кунад.

Мухолифон ҳамчунин Мурсӣ, "Ихвонулмуслимин" ва гурӯҳҳои исломиро муттаҳам мекунанд, ки кишварро ба сӯи исломӣ шудан мебаранд.

Дар ҳамин ҳол ҷонибдорони ӯ мегӯяд, раиси ҷумҳур барои эҷоди ислоҳот ва чира шудан бар фасоди давраи зимомдории Муборак, ба замони бештаре ниёз дорад.




XS
SM
MD
LG