Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Мардони тоҷик "мушкил"-и худро эътироф мекунанд


Дар Тоҷикистон тақрибан аксари хонаводаҳое, ки фарзанддор намешаванд, аз ҳам мепошанд ва албатта пеш аз ҳама занро «беҳосилу гунаҳкор» медонанд.

Ба дунбол зан аз хона ронда мешава ва шавҳарро маҷбур мекунанд, ки зани зоё бигирад. Дар бисёр маврид мардҳо, худро солим мешуморанду ба табиб муроҷиат намекунанд, зеро безурёт будани мард дар суннатҳои миллӣ баробар ба як фоҷиа аст. Аммо акнун батадриҷ вазъ тағйир мекунад ва мардҳои тоҷик низ худ бо эътирофи беморӣ, худро ба тамоми дарҳо мезананд, то соҳиби фарзанд шаванд.

Шариф Ҳалимов, як сокини 36-солаи як маҳаллаи наздики Душанбе баъди интизории 11-сола ва муолиҷаҳои гуногун дар ниҳоят соҳиби фарзанд шуд. Ӯ мегӯяд, вақте бо ҳамсараш назди табиб рафтанд ва фаҳмиданд, ки занаш солим аст ва худаш бояд муолиҷа бигирад, ларзааш гирифт ва ҳеҷ намехост, ки ба ин хулосаи табибон бовар кунад. Аммо баъди як сол андешаву ғусса хӯрдан ва пинҳон доштани бемориаш ба қароре омад, ки ғурури беҳударо як тараф гузорад ва илоҷи дардашро биҷӯяд.

Шариф аввал аз Худо ва дуввум аз ҳамсараш сипосгузор аст, аввалӣ ба додаш расид ва дуввумӣ таркаш накард: "Ба фикрам ҳар бандае ба мисли ман сабру тоқат карда наметавонад. Беш аз 12 сол шуд ба фикрам тоқат кардам, чанд навъ табобат кардам, духтурӣ, мардумӣ ва муллогӣ кардам, ибодат кардам ва баъди 11 сол бо амри Худо фарзанд шуд."

Шариф Ҳалимов пеш аз онки Наргис духтари худаш ба дунё биёяд, 5 сол пеш Нафисаи навзодро ба фарзандӣ гирифт ва мегӯяд, якеро аз дигараш бештар дӯст медорад ва мехоҳад саввумаш ҳам духтар бошад, зеро ба гуфтаи Шариф, «дигар ҷояш дар биҳишт таъмин аст.»

Воқеан бефарзандӣ ва бахусус ба иллати безурётии мард, зиндагиро барои хонавода дар Тоҷикистон ба дӯзах табдил медиҳад ва аз ин рӯ мардон аксар вақт, дар бефарзандӣ занро гунаҳкор мекунанду зани дуввум мегиранд. Бино ба гуфтаи мақомот, аксари хонаводаҳои бефарзанд дар Тоҷикистон аз ҳам ҷудо мешаванд ва умдатан бо хоҳиши мард, агарчӣ заноне ҳам ҳастанд, ки мардони безурётро тарк мекунанд, то аз дигаре соҳиби фарзанд шаванд.

Акбаршо Аҳмадов, аз Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва паринаталогии Тоҷикистон, ки чанде пеш рисолаи докториаш дар бораи сабабҳои безурётиро ҳимоя кард, мегӯяд, зиёд мушоҳида мешавад, ки мардон танҳо баъди издивоҷи дуввум ба назди табиб меоянд ва мефаҳманд, ки зани аввалаашон ҳеҷ дарде надоштааст ва бемор худи онҳо будаанд:

«Дар ҷумҳурии мо таври маълум серфарзандӣ зиёд аст, вақте баъзе аз хонаводаҳо бачадор намешаванд, аз назари равонӣ ва иҷтимоӣ зарбаи сахте ба онҳо мешавад. Дар байни мардуми мо ҳамин чиз ҳаст, ки мардҳо занро ба назди табиб равон мекунанд, ки равед бинед, айби шумост. Аммо вақте мо таҳқиқ мегузаронем, нишон медиҳад, ки 50 фисад айби зан ва 50 фисад айби мард мешавад.»

Ба гуфтаи Акбаршо Аҳмадов, сабабҳои аслии безурётии мардон дар Тоҷикистон аз ҷумла, бемориҳои сироятӣ ва уфунати аъзои таносул, уфунат таносул, нутфаи кам дар таркиби оби мард, кундҳаракатии нутфа, бемориҳои мусрӣ ва ё дигар ноҷӯриҳои иммунитети мардҳост.

Зуҳро Имомова, сокини ноҳияи Шӯрообод, ки аксҳои шерпарвариаш дар Боғи ҳайвоноти Душанберо нисфи ҷаҳон дидааст, баъди таънаву маломати шавҳараш, ки ӯро пайваста безурёт мегуфт, хонаи ӯро тарк кард, вале дар издивоҷи дуввум 10 сол баъд соҳиби фарзанд шуд.

Бино ба натиҷаҳои як таҳқиқ дар бораи безурётӣ дар Тоҷикистон, аксари мардоне, ки барои дармони безурётӣ ба табибон муроҷиат мекунанд, шаҳрнишинон ва ҷавонони таҳсилдида ҳастанд. Ба гуфтаи Акбаршо Аҳмадов, муроҷиати мардон ба пажӯҳишгоҳи онҳо вақтҳои ахир афзоиш ёфтааст ва солона то 1200 нафар ва ё моҳе 70 нафар асосан мардҳо ба табибони пажӯҳишгоҳ муроҷиат мекунанд ва тавсияву муолиҷа мегиранд.

Тамоюле, ки нишон медиҳад, мардон дигар аз ин бемории худ ба қавле ҳиҷолат намекашанд ва илоҷи дардро меҷӯянд. Тамоюли мусбате, ки метавонад, пеши роҳи аз ҳам пошидани хонаводаҳои бефарзандро бигирад, ки теъдоди онҳо дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG