Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мо Ян ба раҳоии Лю Сяобо умедвор аст


Мо Ян
Мо Ян
Мо Ян, адиби чиноӣ, барандаи ахири ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт, изҳори умедворӣ намуд, ки дигар барандаи ин ҷоиза дигарандеш Лю Сяобо ба зудӣ маҳбасро тарк мекунад. Лю Сяобо, ки ду сол пеш барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуда буд, бо иттиҳоми талоши шикастани сохти давлатдорӣ ба 11 соли маҳбас маҳкум шудааст.

Расонаҳои чиноӣ менависанд, ки мақомоти расмии кишвар Мо Янро бо дарёфти ҷоизаи Нобел табрик гуфтаанд. “Адибони Чин муддати тулонӣ ин рӯзро интизор буданд!”-навиштааст нашрияи расмии Ҳизби коммунисти Чин "Жэнмин жибао".

Бархе аз дигарандешон ва мухолифини ҳукумати Чин, аз ҷумла, рассоми маъруф Ай Вэйвэй, аз тасмими Кумитаи Нобел интиқод карданд, зеро ба гуфтаи онҳо Мо Ян аз пуштибонҳои режими коммунистӣ аст.
XS
SM
MD
LG