Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибилмон барои Малола дуову ниёиш карданд


Дар мактабҳои Покистон намозу ниёиш барои сиҳатии Малола Юсуфзай, духтараки 14 сола, ки ин ҳафта ҳадафи тири толибон қарор гирифт, баргузор шуд. Намозу ниёиш дар сартосари кишвар бо даъвати волии вилояти Хайбар-Пахтунхва доир гардид.

Лар ҳамин ҳол, ба гуфтаи табибон, вазъи Малола, ки бо матлабҳояш дар бораи зулму ҷаҳолати толибон маъруф шудааст, алҳол мӯътадил аст, аммо хатар пурра рафъ нашудааст. Малола Юсуфзай рӯзи панҷшанбе ба яке аз беҳтарин бемористонҳои низомии Покистон дар шаҳри Равалпиндӣ интиқол ёфт.

Масъули ҳамла ба Малола Юсуфзайро гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG