Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ аз Чехия ҳавопаймои низомӣ мехарад


Ироқ аз Ҷумҳурии Чех ба маблағи тақрибан як миллиард доллар 24 ҳавопаймои низомӣ ва таълимӣ харидорӣ мекунад.

Дар ин бора Алӣ Ал-Мусавӣ, намояндаи ҳукумати Ироқ, баъд аз музокирот дар шаҳри Прага ба хабаргузории Рейтер иттилоъ дод. Вазорати дифои Ҷумҳурии Чех низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ба Бағдод ҳавопаймоҳои сабуки L 159 фурӯхта мешаванд. Ҳукумати Чехия қарордод бо Ироқро “комёбии азим” номидааст.

Ироқ айни ҳол талоши назорати ҷиддии ҳарими ҳавоияшро дорад, то ки аз истифодаи он аз сӯи Эрон барои интиқоли ғайриқонунии силоҳ ба Сурия ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG