Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар шимоли Сурия, дар атрофи шаҳри Ҳалаб, задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ идома доранд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар канори шаҳри Маърат-ал-Нӯъмон, ки рӯзҳои ахир, ба иттилои ошӯбгарон беш аз 300 нафар ба ҳалокат расидаанд, мухолифин роҳи миёни Димишқ ва Ҳплабро зери назорат гирифтанд.

Задухӯрдҳо барои таҳти назар қарор додани фурудгоҳи низомии Кверис дар шарқи Ҳалаб низ идома ёфтанд. Дар вилояти шимолии Идлиб ва шаҳри ҷанубии Даръо низ даргириҳои шадид сурат гирифтанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар ҷануб
дасти кам 14 сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд.

Шаби ҷумъа дар маркази Димишқ таркиш рӯх дод. Дар бораи қурбониёни ҳодиса хабаре нашр нашудааст..
XS
SM
MD
LG