Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми сафири нави Амрико ба мардуми Тоҷикистон


Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт. Акс аз бойгонӣ

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт. Акс аз бойгонӣ

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт ба маъмурияти худ оғоз кард.

Хонум Эллиотт дар як паёми видеоӣ ба муносибати оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон гуфт, ки "ман ифтихор мекунам, ки сафири нави Амрико дар Тоҷикистон ҳастам."

Хонум Эллиотт дар авоили ҳафтаи ҷорӣ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд ва эътимодномаи худро ба ӯ супурд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар таърихи 11-уми апрели соли равон номзадии Сюзан Эллиоттро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд.

Сюзан Эллиотт- дипломати ботаҷриба буда, то ҳол муовинати раҳбарии раёсати кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро дар Департаменти давлатии ИМА бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG