Пайвандҳои дастрасӣ

Шераки Ориён ва "Ҳафт ганҷ"-и ӯ


Шераки Ориён, нависандаи шинохтаи тоҷик китоби нави худро таҳти номи «Ҳафт ганҷ» пешкаши хоанандагон намуд. Шераки Ориён тахаллуси солҳои охири адабии Абдурофеъ Рабизода аст. Рӯзи ҷумъа ӯ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки китоби нави "Ҳафт қисса" як саргузашти қадимаи мардуми Суғди қадимро бозгӯ мекунад.
Тавре нависанда мегӯяд, "Ҳафта ганҷ" бо қиссаи «Ориёндухтаре, ки барояш ҳафт шаҳристон сохта шуд» оғоз шуда, дар пай ривоятҳои «Панҷ ҳунарвар», «Сино ва шифо», «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ»-ро дар худ ҷо додааст. Қиссаи "Ҳавопаймои таркида ва ё ишқи аз нав рӯида» охирин бахши ин китоби нав аст, ки дар дохили он боз ҷанд қиссаи хурду бузурги дигар ҷой дода шудааст.

Адиби пурмаҳсули тоҷик тӯли даҳсолаҳо бо исми аслии худ Абдурофеъ Рабиев дар наср ва кинои тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Вале давоми даҳ соли охир ӯ ба худ тахаллуси Шераки Ориёнро гирифт. Ӯ муаллифи 63 китоб, 37 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ мебошад. «Ҳафт ганҷ» дар чопхонаи «Ношир» дар ҳаҷми 700 нусха ба чоп расидааст.
XS
SM
MD
LG