Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони “Истиқлол” ва “Регар” муҷозот шуданд


Дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон футболбозоне, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 кортҳои сурх гирифтанд, муҷозот шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд, дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” миёни ду дастаи лигаи олӣ - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода баргузор шуда буд.

Замони асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 поён ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра "Регар- ТадАЗ" бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.

Дар ҷараёни бозии ниҳоӣ сардовар Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа аз дастаи "Истиқол"-и Душанбе Давронҷон Эргашев ва Соҳиб Саванқулов ва аз тими"Регар -ТадАЗ" Ҷамшед Исмоилов ва Акмал Сабуровро бо нишон додани корти сурх аз майдон хориҷ кард.
Дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон нисбати гунаҳкорон чунин тасмим гирифта шуд:

Соҳиб Саванқулов, бозигари дастаи «Истиқлол”, барои бозии дағалона муқобили рақибаш, ки бо мақсади лат додани ӯ буд, аз 2 бозии Ҷоми Тоҷикистон маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима,

Давронҷон Эргашев, бозигари дастаи «Истиқлол”, барои рафтори бадқасдона муқобили рақибаш аз 4 бозии Ҷоми Тоҷикистон маҳрум ва 3000 сомонӣ ҷарима,

Ҷамшед Исмоилов, бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ”, барои таҳқири доварони бозии ниҳоӣ аз 3 бозии Ҷоми Тоҷикистон маҳрум ва 2000 сомонӣ ҷарима,

Акмал Сабуров, бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ», барои бозии дағалона аз 1 бозии Ҷоми Тоҷикистон маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
XS
SM
MD
LG