Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин мусобиқаи дучархасаворӣ ба хотираи Анвар Бобоҷонов


Анвар Бобоҷонов, аввалин раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон.

Анвар Бобоҷонов, аввалин раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон.

Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми октябр мусобиқаи дучархасаворӣ ба хотираи Анвар Бобоҷонов, аввалин раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон, баргузор мешавад.

Ринат Батиршин, раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқа ширкати дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Вахш дар назар аст. Инчунин дар пойга шаҳрвандони хориҷӣ аз Канада ва Фаронса, ки дар Душанбе ба сар мебаранд, иштирок хоҳанд кард. Мусобиқа субҳи рӯзи шанбе дар Наврӯзгоҳи пойтахт (собиқ ипподроми Душанбе) оғоз меёбад. Дар ин ҷо пойгаи инфиродӣ миёни мардону занон ва наврасон баргузор мешавад. Рӯзи дувум пойгаи дучархасаворон дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб барпо мегардад. Занону наврасон ба масофаи 30 километр ва мардон ба масофаи 55-60 километр рақобат мекунанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Батиршин велосипедронӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон яке аз намудҳои маъмулу пешқадами варзиш маҳсуб мешуд. Варзишгарони тоҷик дар ин риштаи олимпӣ ба дастовардҳои бузург мушарраф шуда буданд. Намояндагони Тоҷикистон Станислав Шепел, Саид Ҳусейнов ва Николай Макаров дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар пойгаи ҷаҳонӣ борҳо пирӯзӣ ба даст овардаанд.

“Вале солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон велосипедронӣ қариб аз байн рафта буд ва пас аз таъсиси Федератсияи велосипедронӣ (31-уми октябри соли 2009-ум) ин намуд дар Тоҷикистон азнав эҳё шуд, - мегӯяд Ринат Батиршин. - Профессор Анвар Бобоҷонов, собиқадори варзиш ва олими соҳа, ки аввалин раиси ин федератсия интихоб шуда буд, моҳи декабри соли 2010-ум аз олам чашм пӯшид. Ва ин нахустин мусобиқаест, ки барои гиромидоштаи хотираи ӯ бо дастгирӣ ва кӯмаки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG