Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 11-уми октябр бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа – дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки аз бозии даври гузашта озод буд, бо 50 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Дастаи “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар меҳмонӣ бар тими “Файзобод”-и ноҳияи Файзобод бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, бо 48 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бидуни бозӣ бар тими “Сабо”-и Шаҳринав бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд, бо 45 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Натоиҷи бозиҳои даври 20-ум:

«Барқ» (Норак) - “Самар” (Восеъ) – 0 – 2
“Кӯктош” (Рӯдакӣ) - “Сабо” (Шаҳринав)– 3-0 (техникӣ)
“Бохтар” (Бохтар) - “Локомотив” (Душанбе) - 3-0 (техникӣ)
“Ҳулбук” (Восеъ) - “Саройкамар” (Панҷ) - 5-4
“Файзобод” (Файзобод) - «Ситора» (Рӯдакӣ) – 1-3
“Пахтакор” (Қабодиён) - СКИФ (Душанбе) – 0-3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Панҷшер" (Румӣ) 19 16 2 1 75-27 50
2. итора" (Рӯдакӣ) 20 16 0 4 39-13 48
3. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 19 14 3 2 39-15 45
4. "Ҳулбук" (Восеъ) 19 14 1 4 53-26 43
5. "Саройкамар" (Панҷ) 19 13 1 5 56-28 40
6. "Бохтар” (Бохтар) 19 11 3 5 40-25 36
7. "Самар” (Восеъ) 20 10 4 6 38-26 34
8. "Сабо" (Шаҳринав) 19 5 1 13 25-42 16
9. "Барқ” (Норак) 20 4 1 15 23-54 13
10. “Пахтакор” (Қабодиён) 20 3 3 14 16-37 12
11. СКИФ (Душанбе) 19 2 4 13 21-50 10
12. “Локомотив” (Душанбе) 19 2 1 16 14-56 7
13.
“Файзобод(Файзобод)
20
2
0
18
18-58
6

Голзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 18 тӯб, Наим Каримов («Панҷшер») - 16 тӯб, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”) - 14 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 11 тӯб.

Даври 22м
16-уми октябр, сешанбе
Оғози бозиҳосоати 15.00
“Файзобод” - “Пахтакор”
“Ситора” - “Барқ”
“Панҷшер” - “Бохтар”
“Локомотив” - “Ҳулбук”
“Саройкамар” - “Кӯктош”
СКИФ - “Сабо”

Эзоҳ: дастаҳои “Сабо”-и Шаҳринав, “Локомотив”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қабодиён аз мусобиқа хориҷ шудаанд. Рақибони онҳо дар бозиҳои оянда бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG