Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Сулҳи Нобел насиби Иттиҳодияи Аврупо шуд


Кумитаи Норвегии Нобел эълом кард, ки Ҷоизаи муътабари Сулҳи Нобелро дар соли 2012 ба Иттиҳодияи Аврупо медиҳад.

Торбёрн Ягланд, раиси Кумитаи Норвегии Нобел дар ин бора дар шаҳри Осло гуфт: “Иттиҳодия ва созмонҳои бунёдгузори он тайи шаш даҳсола дар таҳкими сулҳу оштӣ, демократия ва риояти ҳуқуқи инсон дар Аврупо саҳм гузоштаанд.”

Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле соҳиби ин ҷоизаи мӯътабар мешавад, ки ба бузургтарин буҳрон дар таърихи худ рӯ ба рӯ шудааст ва иқтисоди баъзе аз кишварҳои он аз рушд бозмондаанд.

Кумитаи Норвегии Нобел мегӯяд, хостааст, то ба нақши суботофарии Иттиҳодияи Аврупо таваҷҷуҳ кунад, ки ҳоло “ба мушкилоти сахти иқтисодиву нооромиҳои иҷтимоии чашмгире” рӯ ба рӯ шудааст.“

Дар вокуниш ба хабари барандаи ҷоиза шудани Иттиҳодияи Аврупо, Хосе Мануел Бароссо, раиси Кумиссиёни Аврупо, онро “қадрдонии одилонаи созмоне беназире хонд, ки ба гуфтаи ӯ ба нафъи шаҳрвандони худ ва тамоми ҷаҳон кор мекунад.”

Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ, Пиа Аҳренкилде Ҳансен, сухангӯи Кумиссиёни Аврупо, Ҷоизаи Сулҳи Нобелро як таҳсини бузурге барои иттиҳодия хонд: "Як лаҳзаи ҳаяҷонангез дар замони фавқуллода мушкил барои Иттиҳодияи Аврупост. Чунин қадрдонӣ ва эътироф ки мо як созмони сулҳ ҳастем, ҷаҳонро илҳом бахшида ва паёми умеде барои тамоми дунё мефиристад."

Ҳерман Ван Ромпуӣ, президенти Шӯрои Аврупо гуфт, ки қадрдонии Иттиҳодияи Аврупо бо Ҷоизаи Сулҳи Нобел, эътирофи нақши ин хонавода ба ҳайси “бузургтарин сулҳофар дар таърих” аст. Мартин Шултз, раиси Порлумони Аврупо гуфт, “Иттиҳодияи Аврупо сар аз Балкан то ба Қафқоз ба ҳайси раҳнамои демократия ва мусолиҳа хидмат мекунад”.

Аммо Людмила Алексеева, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқ дар Русия қарори Кумитаи Норвегии Нобелро интиқод кард ва гуфт, ки мебоист, Ҷоизаи Сулҳи Нобелро ба маҳбусони сиёсӣ дар Эрон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия медоданд.

Кумитаи Ҷоизаи Нобел мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо сазовори ҷоиза аст, зеро Аврупоро аз қораи ҷанг ба қораи сулҳ табдил дод. Аз ҷумла нақши иттиҳодия дар мусолиҳаи Фаронсаву Олмонро мисол овардаанд, ки баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум чаҳор маротиба бо ҳам ҷангидаанд. Ба гуфтаи кумита, ин кори иттиҳодия нишон медиҳад, ки чӣ гуна бо кӯшишҳои самимона ва бунёди эътимоди байниҳамдигарӣ, душманони таърихӣ метавонанд ба ҳампаймонҳои наздик табдил шаванд.

Кумитаи Нобел ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупоро таъриф кард, ки баъди суқути ҳукуматҳои худкома дар Испониё, Португалия ва Юнон дар соли 1980 онҳоро ба Иттиҳодияи Аврупо ҷазб намуд ва баъди суқути Девори Берлин дар соли 1989, амниятро дар кишварҳои собиқи шӯравӣ густариш дод. Дар баёнияи кумита омадааст, “ҷудоӣ миёни Шарқ ва Ғарб ба ҳадди зиёде аз байн рафт, демократия тақвият ёфт ва аксари муноқишаҳои умдатан қавмӣ дар қаламрави Аврупо рафъ шуд."
XS
SM
MD
LG