Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон мешавад


Людмила Алексеева, яке аз довталабони ҷоизаи сулҳи Нобел

Людмила Алексеева, яке аз довталабони ҷоизаи сулҳи Нобел

Имрӯз дар Осло, пойтахти Норвегия, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон мешавад. Соли равон барои дарёфти ин ҷоиза 231 номзад – ҳам афроди алоҳида ва ҳам созмонҳо пешбарӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки барои пирӯзӣ сиёсатшиноси амрикоӣ Ҷин Шарп шонси бештар дорад – ӯ дар асарҳояш назария ва амалияи “инқилобҳои бидуни хушунат” дар кишварҳои мустабидро пажуҳиш кардааст.

Созмони “Мемориал”-и Маскав, ҳомиёни ҳуқуқи башар Светлана Ганнушкина ва Людмила Алексеева ва радиои "Эхо Москвы" низ дар феҳристи довталабони ҷоизаи сулҳи Нобеланд.
XS
SM
MD
LG