Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони мақомоти қудратӣ боз ба Хоруғ рафтанд


Баробари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки се рӯз боз дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, рӯзи гузашта, 11-уми октябр вазири умури дохила Рамазон Раҳимов ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев низ ба ин шаҳр рафтаанд. Дар доираи сафар ҷаласаи фаврӣ бо роҳбарияти мақомоти қудратии вилоят дар назар аст. Гуфта мешавад зимни сафари роҳбарони аршади мақомоти қудратӣ дар Бадахшон, масоили халъи силоҳ ва мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ мешаванд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 –уми июли соли ҷорӣ барои мубориза бо нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шаҳри Хоруғ, амалиёти низомӣ гузаронда шуд. Тибқи иттилои расмӣ, зимни ин амалиёт 13 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва 30 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG