Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили зоирони пиёдаи тоҷик ҳал шуд


Намояндагии Тоҷикистон дар Амороти Мутаҳидаи Араб, роҳи ҳали мушкили ду зоири пиёдаи тоҷикро пайдо кардааст.

Ин ду зоири пиёда, ки ҳафтае пеш дар марзи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо Арабистони Саудӣ барои камбуд ва иштибоҳ дар ҳуҷҷатҳо ва надоштани роҳхат барои анҷоми фароизи ҳаҷ боздошт шуда буданд, акнун иҷозаи идомаи сафар пайдо карданд.

Карим Ишратов, як масъули намояндагии Тоҷикистон дар АМА дар тамос бо Радиои «Озодӣ» гуфт: «Мо аз ҷониби худ ҳар кӯмаке, ки дар доираи тавон буд, ба онҳо кардем. Ҳуҷҷатҳояшонро дуруст кардем ва инчунин Фонди хайрияи «Дубай» барояшон роҳхат аз ҳисоби квотаи зоирини Аморат ҳадя кард. Инчунин, чанд фарди саховатпеша низ барояшон кӯмак расонид. Масъалаи то марз бурдани онҳо ҳам ҳал аст. Гуфтем, ки аз марз ҳам савора биравед, аммо онҳо розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки аз дохили марзӣ Арабистони Саудӣ боз сафари худро пиёда идома медиҳанд».

Абдулазиз Раҷабов, яке аз ин ду зоир гуфт: «Ҳоло бо дили пур сафарро имрӯз (12-уми октябр) идома медиҳем. Сипоси самимонаи худро ба кормандони радиои «Озодӣ» мерасонам, ки мушкили моро ба ҷойҳои дахлдор расониданд. Хеле миннатдорем ва дар ҳаққи онҳо дуо мекунем. Инчунин, ба вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сафоратамон дар Абу Дабӣ, ки хеле ҷавонони хушахлоқу самимианд, ташаккури худро мерасонам».

Ҳанӯз дар охири моҳи май 8 тан аз сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба қасди зиёрати Хонаи Худо пиёда озими сафари ҳаҷ шуданд. Ду нафари онҳо бинобар беморӣ ва пеш омадани кори муҳим қатъи сафар карданд, аммо 4 нафари дигар аз пиёда рафтан худдорӣ намуда, аз Эрон тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ рафтанд.

Танҳо ин ду нафаре, ки ҳоло марзи Аморати Муттаҳидаи Арабиро убур карда вориди Арабистони Саудӣ шуданд, ба қасди худ содиқ монданд.
XS
SM
MD
LG