Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Сӯиистифода аз Wi-Fi дар фароғатгоҳҳои Душанбе


Тарабхона ва муассисаҳои фароғатӣ дар Душанбе барои ҷалби ҳарчӣ бештари муштариён, ба онҳо интернети ройгонро аз тариқи Wi- Fi пешниҳод мекунанд

Мустафо Зоиров, як ҷавони тоҷик, ки вақти холиашро дар майдони 800 солагии Маскави Душанбе мегузаронад, мегӯяд ин гулгаштро маҳз барои Wi- Fi- и ройгонаш дӯст медорад: «Дар Душанбе дар чанд ҷой Wi- Fi-и ройгон вуҷуд дорад. Дар тарабхонаҳои «Чикен» ва боз дар чанд тарабхонаи дигар. Мо ин мавзеъхоро дӯст медорем. Ҳам хӯрок мехӯрем ва ҳам аз интернети ройгон истифода мекунем. Ин бисёр муносиб аст».

Аммо масъулини бархе аз муассисаҳои фароғатии Душанбе шикоят доранд, ки муштариёни зиёде маҳз ба хотири интернети бепул меоянд ва аз хизматрасониҳои дигари онҳо истифода намекунанд. Ин ҳолат онҳоро водор намудаст, ки барои дастрасӣ ба интернети бепул, баъзе маҳдудуятҳо ворид кунанд. Дар бархе аз тарабхонаҳо танҳо баъди харидани ғизо ё нӯшоба ба муштарӣ рамз ё калидвожаи вуруд ба Wi- Fi дода мешавад.

Тарабхонаи «Чикен» низ яке аз он мавзеъҳоест, ки барои муштариёнаш дастрасӣ ба интернетро то ҳол озод фароҳам оварда истодааст. Вале Аслам Назаров, менеҷери ин тарабхона ба радиои Озодӣ гуфт, ки “ният доранд дар ояндаи наздик дастрасӣ ба Wi- Fi-ро танҳо барои муштариёнашон фароҳам оранд, чунки нафарони зиёде аз берун интернети ройгонашонро истифода мекунанд ва тарабхона ҳеҷ фоидае намебинад."

Шаҳноза Комилзода, сухангӯи ширкати дастраскунандаи алоқаи мобилӣ ва интернет, «Мегафон Тоҷикистон», ки танҳо дар шаҳри Душанбе 10 нуқтаи дастрасии озоди интернетро тариқи Wi- Fi фароҳам овардааст мегӯяд: «Насби Wi- Fi ҳам барои нафъи тарабхонаю мавзеъҳои дилхушӣ ва ҳам ширкати мо аст. Мо ба онҳо Wi- Fi ройгон ироа мекунем, онҳо дар навбати худ маводи таблиғотии ширкати моро дар девор ва зарфҳои худ ҷой медиҳанд».

Хонум Шаҳноза афзуд, ки ширкати «Мегафон Тоҷикистон» дар бархе аз гулгаштҳои Душанбе, аз ҷумла дар майдони 800-солагии Маскав Wi- Fi -и бепул фароҳам оварда буд, вале бинобар ниҳоят зиёд шудани муштарӣ ва сӯиистифода аз ин имконият, таҷҳизот корношоям шуд. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки ин ширкат дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дастрасии ройгон ба интернети беноқилро фароҳам овардааст. Wi- Fi, ибораи кӯтоҳшудаи англисӣ аст, ки маънояш «интиқоли дақиқи маълумоти бидуни ноқил» мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG