Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Ҳавопаймо муҳиммоти низомӣ интиқол медод


Раҷаб Таййиб Эрдуғон-сарвазири Туркия
Раҷаб Таййиб Эрдуғон-сарвазири Туркия
Рӯзи панҷшанбе сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ҳавопаймои мусофирбари Сурия, ки ба нишаст дар шаҳри Анкара маҷбур карда шуд, барои вазорати мудофиаи Сурия таҷҳизоту муҳиммоти низомӣ мебурд.
Ҳавопаймои мусофирбари Сурияро ба фуруд дар Анкара маҷбур карданд, зеро он барои вазорати мудофиаи Сурия муҳиммоти истеҳсоли Русия интиқол медод.”
Шаби чоршанбе баъди гирифтани маълумоти махфӣ мақомоти Туркия ба ҳавопаймои масири Маскав-Димашқ дастур доданд, ки дар Анкара ба замин нишинад.
Туркия иддаоҳои Русия дар бораи азияти 17 шаҳрванди Русияро, ки дар байни мусофирони ҳавопаймо буданд, беасос номид.
XS
SM
MD
LG