Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Осло барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон мешавад


Алексей Венедиктов-сармуҳаррири Радиои Эхо Москви (Эхо Москви ва сармуҳаррири он яке аз номзадҳои ҷоизаи сулҳи Нобел мебошанд)

Алексей Венедиктов-сармуҳаррири Радиои Эхо Москви (Эхо Москви ва сармуҳаррири он яке аз номзадҳои ҷоизаи сулҳи Нобел мебошанд)

Имрӯз дар Осло барандаи имсолаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон мешавад. Кристиан Берг Ҳарпвикен аз Пажӯҳишгоҳи сулҳи Осло мегӯяд:
Ман тарафдори Ҷин Шарп-яке аз машҳуртарин мутафаккирони рӯи олам дар масъалаи муборизаи бидуни хушунат ҳастам.”
Ҳарпвикен ҳамчунон мегӯяд, ки ӯ радиои Эхо Москвии Русияро ҳамроҳ бо муҳаррираш ба хотири саҳмгузорӣ дар озодии баён ва баҳси озод дар Русия номзади рақами ду мешуморад. Ин донишманди норвегӣ созмони русии дидбони ҳуқуқи башар “Мемориал” ва яке аз аъзои машҳури он Светлана Ганушкинаро ба хотири талоши онҳо дар сабти таъқиби таърихӣ ва азияти муосир дар Русия ва ҳамсоя-кишварҳои он номзади рақами се номидааст.
Умуман, имсол 43 муассиса ва 188 нафар ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG