Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 муллои хориҷиро аз Афғонистон ихроҷ карданд


Минтақаи Данди вилояти Қандаҳор
Минтақаи Данди вилояти Қандаҳор
Нерӯҳои амниятии афғон мегӯянд, онҳо 35 рӯҳонии исломии хориҷиро аз ҷануби Афғонистон берун кардаанд. Ҳафтаи равон 35 рӯҳонӣ, ки 31 нафари онҳо покистонӣ ва чор нафари дигар эронӣ буданд, аз масҷидҳои минтақаи Данди вилояти Қандаҳор ихроҷ шуданд. Ин рӯҳониён бо ташвиқи мардуми маҳаллӣ ба ҷиҳод бар зидди ҳукумати Афғонистон муттаҳам мешаванд.
Моҳи гузашта мақомоти афғон иттилоъ гирифтанд, ки рӯҳониёни хориҷӣ мардуми маҳаллиро ба ҷиҳод бар зидди ҳукумат даъват мекунанд.
Ҳабс ва ихроҷи рӯҳониён баъди таҳқиқи ин хабар ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG