Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои бидуни сарнишини Ҳизбуллоҳ дар Исроил


Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон
Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон
Рӯзи панҷшанбе раҳбари гурӯҳи Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ дар як сӯҳбати телевизионӣ гуфт, ки рӯзи шанбе ин гурӯҳи мусулмонони шиамазҳаби мустақар дар Лубнон ба ҳарими ҳавоии Исроил як дрон ё худ ҳавопаймои бидуни сарнишини истеҳсоли Эронро ирсол намуда буд. Насруллоҳ иддао кард, ки дрон дар болои чандин муассисаи ҳассоси исроилӣ парвоз намуда, билохира дар назди коргоҳи ҳастаии Димона сарнагун карда шуд. Насруллоҳ гуфт, ки ин як намунаи хурди имконоти ин гурӯҳ аст. Ӯ ҳамчунон иддао кард, ки ин парвози аввал набуд ва эҳтимол охирин ҳам набошад. Ҳизбуллоҳ аз соли 2004-ум ба ин тараф саъй дорад, ба Исроил ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин фиристад. Сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу Ҳизбуллоҳро бо ирсоли дрон ба ҳарими ҳавоии Исроил муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG