Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон 10 ҷангҷӯро куштанд


Рӯзи панҷшанбе як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар бо ҳамла ба як қароргоҳи ҷангҷӯён дар Покистон даҳ нафари онҳоро кушт. Ҳавопаймо ба паноҳгоҳи ҷангҷӯён дар ноҳияи Баландхел дар Вазиристони Шимолӣ чаҳор мушак андохтааст ва аксари кушташудагон афғонҳо будаанд. Дар ҳамлаву бомбгузориҳои дигар дар манотиқи қабоилнишини Покистон аз ҷумла Вилояти Балуҷистон 17 нафари дигар кушта шуданд. Масъулияти ин бомбгузориҳоро касе бар уҳда нагирифтааст, аммо дар ин минтақаҳо Толибон ва ҷангҷӯёни Ал-Қоида фаъоланд.
XS
SM
MD
LG