Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз амалкарди Туркия хашмгин шудааст


Русия аз ҳукумати Туркия хостааст, шарҳ диҳад, ки чаро 8 соат нагузошт то дипломатҳои рус бо 17 шаҳрванди Русия мулоқот кунанд. Ин афрод дар дохили ҳавопаймои Сурия буданд, ки зимни парвоз аз Маскав ба Димишқ Туркияро онро бо зӯрӣ дар қаламраваш фуруд овард. Баъди мусодираи бахше аз бори ҳавопаймо, Туркия ба он иҷоза дод, ки роҳашро идома диҳад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Истанбул бо ин кораш зиндагиву амнияти мусофирони ҳавопайморо ба хатар андохтааст. Бино ба гузоришҳо, мақомоти Туркия аз дохили ҳавопаймо таҷҳизоти мухобиротие ёфтаанд, ки интиқоли он аз тариқи қаламрави Туркия ба Сурия мамнӯъ аст. Мақомоти Димишқ амалкарди Туркияро “роҳзанӣ дар ҳаво” хонданд. Таниш миёни ин кишвар баъди ҳалокати 5 шаҳрванди осоиштаи Туркия дар як ҳамлае аз қаламрави Сурия авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG