Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳои Покистон 13 нафар кушта шуданд


Бар асари ду бомбгузорӣ дар манотиқи ноором ва қабоилнишини Покистон дасти кам 13 нафар кушта шудаанд. Ғуломалӣ Лошарӣ, як афсари пулиси Вилояти Балуҷистон, гуфт, бомби аввал дар назди бозоре дар шаҳри Себӣ таркид, ки дар натиҷа 10 нафар кушта ва 24 тани дигар маҷруҳ шуданд. Дусад километр дуртар аз ин ҷо дар шаҳри Дараи Буғтӣ мошини афсари пулиси Покистон ҳангоми ҳаракат ба бомбе бархурдааст, ки бар асари он се афсар кушта шудаанд ва ду тани дигари онҳо захм бардоштаанд. Масъулияти ин ҳамларо ҳануз касе бар душ нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG