Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ба "тахтабанди миёни чор дарё" озодӣ бахшид


Таҳмина то ҳол аз ҳуқуқҳои одии инсонӣ, мисли таҳсилу кор, сафар ва ақди никоҳ бо ҷавони дӯстдоштааш, маҳрум буд.

Таҳминаи 23-сола, ки дар Самарқанд зода шуда, аммо аз кӯдакӣ бе ягон санади ному насаб дар Хуҷанд мезист, билохира ҳаққи гирифтани шиносномаро ба даст овард. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо шоҳидии чанд нафаре, ки Таҳминаро мешиносанд, шӯъбаи сабти ҳолатҳои асноди шаҳрвандиро муваззаф кард, ки ӯро сабтином намоянд.

Нигора Қосимова, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки бозбинии дархости Таҳминаро анҷом додааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ҷиҳати ба даст овардани санади тасдиқкунандаи шахсияти Таҳмина ба мақомоти зодгоҳи вай, шаҳри Самарқанди Узбакистон нома ирсол карда, аммо аз он ҷониб дар муддати беш аз 2 моҳ посух дарёфт накард. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, тибқи Кодекси мурофиавӣ – шаҳрвандии Тоҷикистон дар асоси баёноти шоҳидон ҳалнома қабул кард.

Надоштани зодномаву шиноснома Таҳминаи 23-соларо, тавре худи ӯ қаблан дар барномаи “Як рӯз бо Шумо”-и Радиои Озодӣ (2 июни соли ҷорӣ) нақл карда буд, дар асри 21 аз бисёр ҳуқуқҳои одии инсонӣ, мисли таҳсилу кор, сафар ва ақди никоҳ бо ҷавони дӯстдоштааш, маҳрум карда буд.

Ӯ рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо мо гуфт, пас аз ҳалномаи додгоҳ, оқибат нафаси сабук кашидааст: "То ҳозир мисли одами бересмон бастагӣ будам. Аз шаҳр берун рафта наметавонистам, милисаҳо ҳар вақт аз ман ҳуҷҷат мепурсиданд. Акнун Худо хоҳад, шиноснома мегирам, ба дидани пайвандонам меравам, метавонам ба ягон ҷо ба кор дароям. Раҳмат ба “Маркази ҳифзи ҳуқуқи инсон" ва Радиои Озодӣ, ки аз ҳолам пурсидеду диламро бардоштед."

Таҳмина мегӯяд, аз замони тифлӣ хоҳару бародари зиндаҷудои худро надидааст.
Вай, ба нақли худашу наздиконаш, соли 1989 дар хонаводае дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Дар синни 4-солагӣ, соли 1993, модараш вафот мекунад. Дар он замон падари Таҳмина дар маҳбас будааст. Баъд аз марги модар вай бо бародару ду хоҳари хурдаш бекасу танҳо мемонанд.

Онҳоро пайвандон барои парасторӣ мегиранд ва Таҳминаро аммааш бо худ ба Хуҷанд меорад, аммо бе зоднома ва ягон санади дигари муайянкунандаи шахсияти вай. Пас аз вафоти аммааш Таҳмина ҳамин тавр бе зодномаву шиноснома зиндагӣ мекунад. Пас аз калон шуданаш, дигар Таҳмина бе шиноснома натавонист ба Самарқанд барои дарёфти санаде дар бораи худ сафар кунад.

Гулчеҳра Ашӯрова, вакили дифоъ аз “Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон” дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, Таҳмина чанд сол инҷониб ба мақомоти дахлдор барои гирифтани шиноснома муроҷиат мекард, аммо посухи рад мегирифт. Аз моҳи майи соли равон то ҳол бо ёрии маркази мазкур бо роҳи додгоҳӣ талош дошт, то шиноснома гирад. Хонум Гулчеҳра афзуд, “баъд аз чанд рӯз, ки ҳалномаи додгоҳ нерӯи қонунӣ мегирад, дар асоси он Таҳмина метавонад аз шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) зоднома ва бо он шиноснома гирад. Ман аз қарори додгоҳ бисёр қаноатмандам, ки ба азобҳои як духтарак, ки бе санади шахсият наметавонист ҳатто расман хонадор шавад, поён дод."

Таҳмина мегӯяд, ҳоло мунтазири он рӯз аст, ки шиносномаи худро ба даст бигираду ба пешвози орзуву мақсадҳояш бишитобад.
XS
SM
MD
LG