Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Адиби чинӣ барои "Ғукҳо"-яш ҷоизаи Нобел гирифт


Фарҳангистони Улуми Шветсия ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши адабиётро ба адиби чинӣ -- Мо Ян муносиб донист.

Кумитаи Нобел рӯзи панҷшанбеи 11-уми октябр гуфт, ҷоизаро барои инъикоси “реализми хаёлӣ” дар китобҳояш ба адиби чинӣ Мо Ян додаанд.

Питер Энглунд, раиси Фарҳангистони Улуми Шветсия, дар ин бора дар шаҳри Стокҳолм гуфт, "Ҷоизаи адабиёти Нобел дар соли 2012 ба адиби чинӣ Мо Ян дода мешавад, ки бо реализми хаёлиаш, афсонаҳо, таърих ва воқеияти имрӯзро бо ҳам даромехтааст."

Мо Ян дар китоби ахираш “Ғукҳо” сиёсати яккафарзандӣ дар Чинро интиқод кардааст. Ҷоизаи мазкур, ки 1 миллиону 200 ҳазор доллар арзиш дорад, моҳи декабр ба соҳибаш супурда хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG