Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Адабиёти Нобелро адиби чинӣ мегирад


Мо Ян адиби чинӣ, барандаи ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши адабиёт эълом шуд. Кумитаи Нобел имрӯз гуфт, ки Мо Янро барои “реализми хаёлӣ” дар китобҳояш тақдир кардааст. Питер Энглунд раиси Фарҳангистони Улуми Шветсия дар ин бора дар шаҳри Стокҳолм гуфт: "Ҷоизаи адабиёти Нобел дар соли 2012 ба адиби чинӣ Мо Ян дода мешавад, ки бо реализми хаёлиаш, афсонаҳо, таърих ва воқеъияти имрӯзро бо ҳам даромехтааст." Мо Ян дар китоби ахираш “Ғукҳо”, сиёсати яккафарзандӣ дар Чинро интиқод кардааст. Ҷоизаи мазкур, ки 1 миллиону 200 ҳазор доллар арзиш дорад, моҳи декабр ба соҳибаш супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG