Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Панҷшер” - ҳамоно пешсафи мусобиқаи Лигаи аввал


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бозиҳои даври 20-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқот – дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар шаҳри Норак бар тими мизбон - “Барқ” бо ҳисоби 7-3 пирӯз шуд, бо 50 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.

Дастаи “Ситора”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бидуни бозӣ бо тими меҳмон – “Пахтакор”-и Қабодиён бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб омад, бо 45 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар меҳмонӣ бар тими СКИФ (Клуби варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ)-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 3:2 ғалаба кард, бо 42 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Натоиҷи бозиҳои даври 20-ум:

«Ситора» (Рӯдакӣ) - “Пахтакор” (Қабодиён) – 3-0 (техникӣ)
“Файзобод” (Файзобод) - “Самар” (Восеъ) – 2 - 3
“Панҷшер” (Румӣ) - «Барқ» (Норак) – 7-3
“Саройкамар” (Панҷ) - “Бохтар” (Бохтар) – 4-1
“Сабо” (Шаҳринав) - “Ҳулбук” (Восеъ) – 0-3 (техникӣ)
СКИФ (Душанбе) - “Кӯктош” (Рӯдакӣ) – 2-3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Панҷшер" (Румӣ)

19

16

2

1

75-27

50

2.

итора" (Рӯдакӣ)

19

15

0

4

36-12

45

3.

Кӯктош” (Рӯдакӣ)

18

13

3

2

36-15

42

4.

"Саройкамар" (Панҷ)

18

13

1

4

52-23

40

5.

"Ҳулбук" (Восеъ)

18

13

1

4

48-22

40

6.

"Бохтар” (Бохтар)

18

10

3

5

37-25

33

7.

"Самар” (Восеъ)

19

9

4

6

36-26

31

8.

"Сабо" (Шаҳринав)

18

5

1

12

25-39

16

9.

"Барқ” (Норак)

19

4

1

14

23-52

13

10.

“Пахтакор” (Қабодиён)

19

3

3

13

16-34

12

11.

"Локомотив” (Душанбе)

18

2

1

15

14-53

7

12.

СКИФ (Душанбе)

18

1

4

13

18-50

7

13.

Файзобод

19

2

0

17

17-55

6


Голзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов (“Панҷшер”) - 18 тӯб, Наим Каримов («Панҷшер») - 16 тӯб, Саймурод Юнусов (“Панҷшер”) - 14 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 11 тӯб.

Даври 21-ум
11-уми октябр, панҷшанбе

Оғози бозиҳо – соати 15.00
“Барқ” - “Самар”
“Кӯктош - “Сабо”
“Бохтар” - “Локомотив”
“Ҳулбук” - “Саройкамар”
“Файзобод” - “Ситора”
“Пахтакор” - СКИФ

Эзоҳ: дастаҳои “Сабо”-и Шаҳринав, “Локомотив”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қабодиён аз мусобиқа хориҷ шудаанд. Рақибони онҳо дар бозиҳои оянда бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG