Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи парвандаи Мадонна шурӯъ мешавад


Қарор аст, имрӯз дар Русия баррасии додгоҳии парванда алайҳи овозхони маъруф Мадонна шуруъ шавад, ки гуруҳе аз ӯ мехоҳад барои рафтораш дар як консерти баҳсбарангез 10 миллион доллар ҷарима бипардозад. Мадонна дар консерташ дар моҳи август дар шаҳри Санк Петербург аз шаҳрвандони Русия хост, ки ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро муроот кунанд ва ба тамошобинон нишони дастбандҳои гулобӣ тақсим кард, ки ба гуфтаи ӯ намоёнгари таҳаммулпазирӣ нисбат ба ҳамҷинсгароён дар Русия аст. Аммо гурӯҳе аз мухолифони ҳамҷингароён мегуянд, ки ин рафтори Мадонна тарғиби ҳамҷинсгароӣ дар миёни ноболиғон аст, ки дар Русия иҷоза дода намешавад. Даъвогарон аз додхоҳ хостаанд, ки баргузоркунандагон ва соҳиби толори консертро ҳам ҷарима бандад.
XS
SM
MD
LG