Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон мегуяд, ҷанги афғонҳо ҷиҳод аст


Имрон Хон, чавгонбози сиёсатро пеша кардаи покистонӣ, мегӯяд, ҷанг дар Афғонистон “ҷиҳод” аст. Дар гуфтугу бо хабарнигорон дар шаҳри Пешовар, у рузи чаҳоршанбе гуфт,”афроде, ки дар Афғонистон алайҳи ишғоли хориҷӣ меҷанганд”, ҷиҳод мекунанд. Имрон Хон, ки раиси Ҳизби Таҳрики Инсоф дар Покистон аст, ҳафтае пеш тазоҳурот алайҳи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Иёлоти Муттаҳида дар манотиқи қабоилнишини Покистонро раҳбарӣ кард. Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон, ки фармондеҳони собиқи покистонӣ ба он пайвастаанд, солҳои охир дар байни мардум маҳбубият пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG