Пайвандҳои дастрасӣ

Афсари пулис барои фурӯши аслиҳа боздошт шудааст


Манзарае аз ноҳияи Рӯшон

Манзарае аз ноҳияи Рӯшон

Маъмурони амниятӣ мегӯянд, афсари пулис Зокир Абдумамадов мехост, ба муовини дидбонгоҳ дар Рӯшон силоҳ фурӯшад.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, афсари пулис Зокир Абдумамадовро ҳангоми фурӯши силоҳи оташфишон ба Саъдулло Ҷумъаев, муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯшон, боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, Абдумамадов таппончаи Макаровро аз шаҳрвандони Афғонистон дастрас кардааст.

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар мулоқоти худ бо сокинони Хоруғ аз ин ҳодиса ёдоварӣ карда, гуфт, "Алфа, бета, армия, инҳо аз осмон нафаромадаанд. Инҳо фарзандони мову Шумоянд ва ин камбудие, ки ҷомеа дорад, инҳо ҳам доранд. Дар телевизион тамошо кардед, Абдумамадов Зокир маълумоти олӣ дорад, муфаттиш аст, аз афғонҳо рафта яроқ харидааст. Оё напурсем, ки ҳамроҳи кӣ будааст?"

Афсари умури дохилӣ ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ӯ бо муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ дар Рӯшон собиқаи чорсолаи дӯстӣ дошт. Ба қавли ӯ, гӯиё муовини сардори дидбонгоҳ аз ӯ хостааст, барояш силоҳи оташфишон пайдо кунад, то дар маъракаи мусодираи силоҳ ба мақомот супорида, ба натиҷаи хидматӣ ноил шавад.

Ин афсари пулис гуфтааст, барои иҷрои хостаҳои дӯсташ маҷбур шуд, ба амали ғайриқонунӣ даст занад. Аммо мақомоти амниятӣ мегӯянд, афсари умури дохилӣ қаблан низ қонуншиканӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯшон иттилоъ доданд, ки сокини ноҳияи Масчои вилояти Суғд Саъдулло Ҷумъаев, ки чанд сол боз ба ҳайси муовини дидбонгоҳи марзӣ фаъолият мекунад, бо қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ба қавли манбаъ, мавод барои оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ҷумъаев ба додситонӣ пешниҳод шудааст.

Муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯшон, аз чор сокини ноҳия ва ёвари додситони ноҳия маблағи калони пулӣ қарз гирифта, барнагардондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG