Пайвандҳои дастрасӣ

Фиребгариҳои Ланс Армстронг ошкор шудааст?


Як муассисаи амрикоӣ мегуяд, ки Ланс Армстронг дучархасавори маъруфи амрикоӣ пайваста барои пирӯзӣ дар мусобиқот доруҳои нерӯафзо истифода мекардааст. Оҷонси мубориза алайҳи истифодаи допинг дар Амрико бо нашри як гузориши 200 саҳифаӣ гуфт, ки Ланс Армстронг бо иштиёқ аз доруҳои нерӯбахш истифода мекардааст, то ба пирӯзӣ бирасад ва варзишгарони дастаи худро ҳам ба ин кор ташвиқ мекардааст. Масъулони оҷонсӣ мегуянд, ки 11 нафар аз тими Ланс Армстронг дар ин бора шаҳодат додаанд. Варзишгари 41-солаи тексасӣ, ки аз чанги саратон раҳо шудааст, иддаъоҳо дар ин заминаро рад мекунад. То кунун ҳеҷ ташхиси тиббӣ дар мусобиқот собит накардааст, ки ӯ аз доруҳои нерӯбахш истифода мекард. Баъди 7 бор пирӯз шудани Ланс Армстронг дар мусобиқаи бонуфузи Тур де Франс дар солҳои 1999 то соли 2005, иддаъоҳо дар бораи дору хурдани ин варзишгар зиёд шуда буд.
XS
SM
MD
LG