Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузорие дар Покистон 4 нафар кушта шуданд


Бар асари як бомбгузорӣ дар роҳе дар як минтақаи ноороми қабоилнишини Покистон, дасти кам чаҳор нафар кушта ва нуҳ тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ноҳияи Оракзайи поён, мусофирбари хурде ба бомб бархӯрдааст, ки дар ин минтақа артиши Покистон барои маҳви Толибон ва ҷангҷӯёни Ал-Қоида амалиёт анҷом медиҳад. Ҳеҷ гуруҳе масъулияти бомбгузориро дар уҳда нагирифтааст, вале ҷангҷуёни Толиб ва дигар тундравони исломӣ аксаран бо ҳамин шева сарбозони покистониро ҳадаф мегиранд, аммо аксаран дар ин бомбгузориҳо раҳгузарони оддӣ кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG