Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳбуси собиқ мехоҳад, асрори зиндонҳоро фош кунад


Сайдалӣ Казаков ҳангоми мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, Душанбе, 11 октябр.

Сайдалӣ Казаков ҳангоми мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, Душанбе, 11 октябр.

Сайидалӣ Казаков, ки тоза аз зиндон раҳо шудааст, мегӯяд, дар бораи бархӯрди зиндонбонҳо бо маҳбусон гуфтаниҳо дорад.

Сокини шаҳри Душанбе, Сайдалӣ Казаков, ки пас аз адои мӯҳлати ҳабс, яъне 7 солу 7 моҳ, аз маҳбаси рақами аввали пойтахт баромад, мегӯяд, нозирони зиндон бо истифода аз номи президент ва раҳбарони дигар маҳбусонро шиканҷа медиҳанд.

Сайдалӣ, ки рӯзи 8 октябр озод шуд, гуфт, бадрафтории нозирону кормандони маҳбас ва шиканҷаву озоре, ки онҳо нисбат ба маҳбусҳо раво мебинанду беҷазо мемонанд, ӯро маҷбур кардааст, ба воситаҳои ахбори умум муроҷиат кунад ва барои ин ба идораи Радиои Озодӣ биёяд.

Ҷаноби Казаков дастону сари худро нишон дода мегӯяд, ӯ бар асари латукӯб аз тарафи Абдулло Ҳалимов, кормандони маҳбас захмӣ шудааст. Ҳалимов ҳоло муовини сардори сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон шудааст. Казаков гуфт, дар ин латукӯб қабурғаи чапи ӯ шикаста ва дар сараш се захми зарба боқӣ мондааст. Ба қавли ӯ, дар дохили маҳбас боз ду корманде ҳастанд, ки бо роҳҳои гуногун маҷбур мекунанд, маҳбус вокуниш кунад ва бо ин баҳона ӯро ба ШИЗО ё ҳуҷраи ҷаримавӣ баранду латукӯб кунанд ва дар ивази раҳоӣ аз наздикони ӯ пул гиранд.

Мусоҳиби мо афзуд, "ду нозир ҳастанд, ки яке "Убайд" ном дораду дигаре "Акбар". Онҳо ҳамчун нозирони маҳбаси рақами аввал дар ивази иддаои маҳбус мегӯянд, онҳо аз Данғара ҳастанд ва хешу табори президент Эмомалӣ Раҳмонанд ва ҳар коре ҳам кунанд, беҷазо хоҳанд монд. Баъзеи дигар аз ходимони маҳбас худро ҷияни Иззатулло Шарифов муаррифӣ карда, мегӯянд, Иззатулло аз наздикон ва ҳамшаҳрии президент аст ва ҳеҷ кас наметавонад зидди онҳо кореро анҷом диҳад."

Иззатулло Шарифов

Иззатулло Шарифов

Генерал Иззатулло Шарифов, раҳбари Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбати бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ яке аз хешу наздикони ӯ дар низоми зиндонҳои кишвар кор намекунад. Вай афзуд, бо вуҷуди он ки шикояти маҳбуси пешинро беасос мешуморад, ба таври хаттӣ дастур медиҳад, ки суханони ӯ тафтиш шаванд ва ҳамчунин омӯхта шавад, ки муносибати нозирон бо ӯ дар давоми адои ҷазо чӣ гуна будааст.

"Нозирони маҳбас тартибу низомро талаб мекунанд ва инҳо бошад, тартибу низомро қабул надоранд. Агар нозирони маҳбас касеро зананд, азият кунанд, мо нисбат ба онҳо чора мебинем. Чаро дигарон нагуфтанду фақат ин одам гуфт? Дар системаи зиндонҳо ягон хешу табори ман кор намекунад. Касе ҳамному ҳамфамилияи ман бошад, маънои онро надорад, ки хеши ману хеши президент аст",-афзуд генерал Иззатулло Шарифов.

Ба нақли Казаков, маҳбусҳо дар баробари бадрафтории нозирони маҳбас беилоҷанд ва касе ба доди онҳо намерасад. Бо истифода аз ин ҳолат, нозирони маҳбас ҳангоми ба мулоқот омадани хешу наздикони маҳбусон ба онҳо мегӯянд, ки писар ё пайвандашон дар маҳбас ҷинояти нав кардаасту ба ШИЗО кашида мешавад ва барои он ки ӯро ба ШИЗО набаранд, ришва додан зарур аст. Онҳо барои ин иқдоми худ то 100 ва 200 доллар талаб мекунанд. Дар зимистон нархи ришваи ШИЗО афзоиш дода мешавад, зеро ҳуҷраҳои ҷаримавӣ, ба гуфтаи Сайдалӣ, хунуктар мешаванд ва ба онҳо хлор мезананд.



Пайҳое, ки Сайдалӣ Казаков мегӯяд, аз шиканҷа дар дасти ӯ боқӣ мондаанд.

Пайҳое, ки Сайдалӣ Казаков мегӯяд, аз шиканҷа дар дасти ӯ боқӣ мондаанд.

Сайдалӣ Казаков мегӯяд, дар маҳбасе буд, ки дар он Ҳамза Икромзодаи 27-сола рӯзи 20-уми сентябр фавтид. Икромзода ду сол пеш бо иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вай меафзояд, "Чанде пештар маҳбус Ҳамза Икромов, ки бо мо давраи адои ҷазояшро дар маҳбаси рақами аввал мегузаронид бо баҳонаи ин ки бо коргарони зиндон зӯрӣ мекардааст ва онҳоро ҳақорат медодааст, ба ШИЗО бурданд ва аз наздиконаш пурсиданд, ки 2 ҳазор доллар биёранд, баъд ӯро аз ШИЗО раҳо мекунанд. Лекин чанд рӯз нагузашт, ки нозирони маҳбас гуфтанд, ки гӯё худашро дор кашидааст. Вай бисёр бачаи ором ва намозхон буд, вайро ба ҳадде латукӯб карданд, ки аз ШИЗО набаромада, ҷон додааст."

Ба қавли Сайдалӣ, як нозири маҳбас Анвар Салимов бо иттиҳоми ришваситонӣ аз зиндониён ба маҳбас кашида шудааст, худ эътироф кард, ки танҳо акнун ба вазъи бади маҳбусон сарфаҳм рафтааст. Ҷаноби Казаков мегӯяд, бар асари латукӯб ва шиканҷаи нозирон як зиндонӣ бо номи Ҳусейн Душаков, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-таҳрир" адои ҷазо мекард, кушта шуд. Вай меафзояд, нозирони маҳбасҳо беш аз ҳама ба сари зиндониён зарба мезананд.



Ҳоло Сайдалӣ Казаков мехоҳад, ки доир ба вазъи маҳбасҳо як нишасти матбуотӣ баргузор кунад ва воқеияти аслро доир ба паси панҷара кушоду рӯшан нақл кунад.

Сайдалӣ Казаков 23 марти соли 2005 бо ҷурми тамаъҷӯӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муҳокима ва зиндонӣ шуд. Намояндаи раёсати Вазорати адлияи Тоҷикистон дар умури маҳбасҳо тасдиқ кард, ки ҷаноби Сайдалӣ Казаков аз моҳи марти соли 2003 то 8-уми октябри 2012-ро дар зиндон ба сар бурда, дар ин муддат борҳо қоидаҳои маҳбасро вайрон карда ва барои ин ба ҷазо кашонида шудааст.

Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мавҷудияти шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои кишварро рад мекунанд, аммо мегӯянд, «кор бе камбудӣ» намешавад. Генерал Иззатулло Шарифов, раҳбари Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки вазъи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна беҳтар аст ва ба таъкиди вай ин нуктаро ҳатто Хуан Мендез, гузоришгари вижаи СММ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон низ баён кардааст.

Аммо муовини вазири адлияи Тоҷикистон ҳалокати Икромзодаро дар зиндони шумораи 1 -и шаҳри Душанбе як воқеаи тасодуфӣ арзёбӣ кард ва гуфт, Ҳамза Икромзода, худ даст ба худкушӣ задааст. Ба таъкиди генерал Иззатулло Шарифов, дар ҳоли ҳозир Додситонии кулли Тоҷикистон ин қазияро таҳқиқ дорад ва ҳамаи маҳбусон ва маъмурону масъулони зиндони шумораи 1 -и шаҳри Душанбе маврид бозпурсии гурӯҳи тафтишотӣ қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG