Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти УЕФА пас аз боздид аз Душанбе ба Тошканд рафт


Мишел Платинӣ дар иҳотаи хабарнигорони тоҷик. Шаҳри Душанбе, 11-уми октябри 2012
Мишел Платинӣ дар иҳотаи хабарнигорони тоҷик. Шаҳри Душанбе, 11-уми октябри 2012

Гуфтугӯи Мишел Платинӣ, раиси UEFA (Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо) бо хабарнигорон дар Душанбе анҷом шуд.

Имрӯз, 11-уми октябр, дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” нишасти матбуотӣ бо ширкати Мишел Платинӣ, раиси UEFA (Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо) баргузор гардид. Дар ин нишаст Мишел Платинӣ бо ҳамроҳонаш, раҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва хабарнигрони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар оғози нишаст гуфт, “хеле хушнудам, ки Шумо, ҷаноби Платинӣ, ба кишвари мо ташриф овардед ва умедворам, ки ин сафари Шумо ба Тоҷикистон охирин нахоҳад буд.”

Мишел Платинӣ дар оғоз аз номи худ ва ҳамроҳонаш ба мизбонон барои пазироии хуш изҳори сипос карда, гуфт, “барои аввалин бор ба Тоҷикистон омадам ва ин бароям ифтихори бузург аст. Мақсади сафари мо посух ба даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Инчунин мехоҳем бифаҳмем, ки УЕФА чӣ гуна метавонад ба рушди футболи тоҷик кӯмак кунад. Албатта, мо наметавонем, ки ҳама чизро иҷро кунем, вале мекӯшем, ки дар ҳалли баъзе масъалаҳо ба футболи тоҷик кӯмак намоем. Ин сафари мо сафари дӯстист ва кӯмак кардан ба футболи тоҷик мебошад.”

Нишасти хабарии Мишел Платинӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Платинӣ баъдан аз бардоштҳои худ аз Тоҷикистон сӯҳбат карда, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Дар охири нишаст хабарнигорон барои хотира бо Мишел Платинӣ аксбардорӣ карданд. Пас аз анҷоми нишасти хабарӣ Мишел Платинӣ ба ҳар як футболбози навраси тоҷик, ки барои истиқболи ӯ омада буданд, тӯби футбол бо соядасташро туҳфа кард.

Ёдовар мешавем, Мишел Платиниро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, дирӯз, 10-уми октябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот вазъи кунунию дурнамои футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти баланд ва рушди батадриҷи футбол дар Тоҷикистон ҳикоят карда, иҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ин намуди варзиш дар кишвари мо оммавияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва футболбозони тоҷик ба қуллаҳои баланди мусобиқоти бонуфузи он дастёб мешаванд.

Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа сурат гирифт.

Дар ҷараёни ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Мишел Платинӣ ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкорӣ доир ба рушди футбол таъкид намуданд.

Собиқ футболбози машҳури мунтахаби Фаронса Мишел Платинӣ ба ҳайси раҳбари футболи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Меҳмонон, ки бо ҳавопаймои худ аз Бишкек ба Душанбе омаданд, имрӯз пеш аз зӯҳр озими Тошканд шуданд.
XS
SM
MD
LG