Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳои курсии президенти ИМА сабқат мекунанд


Имрӯз дар аёлати ҷанубии Кентакӣ ягона мубоҳисаи номзадҳои курсии ноиб-президенти ИМА доир мешавад, ки дар он Пол Райани ҷумҳурихоҳ бо номзади демократ ва ноиб-президенти феълии ИМА Ҷо Байден рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳафтаи гузашта дар аввалин мубоҳисаи мустақим миёни номзадҳои курсии президенти ИМА бар пояи назархоҳиҳо номзади ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ бар номзади демократ ва президенти кунунии ИМА Барак Обама дастболо шуд. Райан пешбинӣ кардааст, ки эҳтимол дар мубоҳиса фақи синну соли онҳо нақш бозад. Райан 42-сола асту Байден 69-сола. Аммо шореҳон таъкид мекунанд, ки Райан таҷрибаи ширкат дар мубоҳисаҳои мустақимро надорад.
XS
SM
MD
LG