Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Эрон мансабдоронро ба ваҳдат даъват кард


Пешвои рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ

Пешвои рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ

Пешвои рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ аз мансабдорони ин кишвар даъват кард, ки айбдор намудани якдигарро бас карда, бо ҳадафи шикасти таҳримҳои байналмилалӣ муттаҳид шаванд. Хоманайӣ дар шаҳҳри шимолу шарқии Боҷнурд гуфт, ки мансабдорони эронӣ бояд дар фикри масъулиятҳои худ бошанд, на муттаҳам кардани якдигар. Раҳбари рӯҳонии Эрон эътироф кард, таҳрими байналмилалӣ, ки дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳрон ҷорӣ шудааст, ҷумҳурии исломиро дар вазъи ногувор қарор додааст. Рӯзҳои ахир пули миллии Эрон қурби худро ба қадри қобили мулоҳиза аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG