Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз се узви Pussy Riot шартан озод шуд


Екатерина Самутсевич аз толори додгоҳ озод шуд

Екатерина Самутсевич аз толори додгоҳ озод шуд

Рӯзи чоршанбе додгоҳи истиънофӣ ё худ аппелятсионии шаҳри Маскав яке аз се узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot –ро шартан озод кард. Ду нафари боқимонда ҳамоно дар зиндон мебошанд.
Ин се хонум баъди ҳунарнамоии эътирозӣ ё худ перформанс дар бузургтарин калисои Маскав бар зидди ҳукмронии президент Владимир Путин моҳи август бо ҷурми авбошии барангезандаи нафрати динӣ ба муддати ду солӣ ҳар яке зиндонӣ шуданд. Бо ҳукми додгоҳ Екатерина Самутсевич шартан озод шуду ҳабси дусолаи Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина бетағйир монд. Марк Фейгин вакили мудофиаи Толоконникова ва Алёхина мегӯяд:
Дар иртибот бо қазияи Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина эҳтимол рӯзҳои оянда мо дархости нави бознигарии ҳукмро пешниҳод мекунем.”
Фейгин аз эҳтимол дур намедонад, ки ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо низ шикоят барад.
XS
SM
MD
LG