Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопамои Сурияро маҷбуран дар Анкара шинонданд


Ҳавопаймои F-16-и артиши Туркия
Ҳавопаймои F-16-и артиши Туркия
Рӯзи чоршанбе дар ҳарими ҳавоии Туркия ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар як ҳавопаймои мусобиркаши Сурияро маҷбур карданд, ки дар фурудгоҳи Анкара ба замин шинад. Ба қавли телевизиони давлатии Туркия мақомоти тахмин мекарданд, ки дар дохили ҳавопаймои аэробус 320 аслиҳаи вазнин аст, ки аз Маскав ба Димашқ интиқол дода мешавад.
Хабаргузории Интерфакси Русия гузориш додааст, ки ҳавопаймо Маскавро тарк карда буд.
Ҳоло ҳавопаймо ва 37 мусофири он қаламрави Туркияро тарк карданд, вале бори дохили ҳавопаймо мусодира шуд.
Баъди ин ҳодиса мақомоти Туркия ба ҳавопаймоҳои туркӣ дастур доданд, ки аз вуруд ба ҳарими ҳавоии Сурия худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG