Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО тамрини сарбозони афғонро давом медиҳад


 Андерс Фог Расмуссен-дабири кулли ин паймони НАТО

Андерс Фог Расмуссен-дабири кулли ин паймони НАТО

Рӯзи чоршанбе дар поёни нишасти дурӯзаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Брусел дабири кулли ин паймон Андерс Фог Расмуссен иброз дошт , ки ҳамлаҳои низомиёни афғон ва ё афроди либоси низомии артиши Афғонистон дар тан болои сарбозони хориҷӣ нерӯҳои байналмилалиро аз иҷрои вазифаҳояшон канор нахоҳад бурд. Расмуссен меафзояд:
Душманони Афғонистон ҳамлаҳои дохилиро бо ҳадафи аз байн бурдани эътимоди мардумӣ истифода мебаранд. Аммо ин амал ноком хоҳад шуд. Мо ба душман имкон намедиҳем, ки стратегияи моро тағйири дода, эътимодеро, ки мо сохтаем, маҳв намоянд.”
Соли равон чунин ҳамлаҳои ба истилоҳ “дохилӣ” ҳаёти 50 низомии хориҷии мустақар дар Афғонистонро аз байн бурда, нигарониеро ба вуҷуд овард, ки дар кишварҳои узви НАТО пуштибонии мардум аз амалиёт дар Афғонистон коҳиш меёбад.
Аммо дабири кулли НАТО Расмуссен мегӯяд, паймон иҷозат нахоҳад дод, ки ҷангҷӯён эътимод миёни нерӯҳои байналмилалӣ ва мардуми афғонро барҳам зананд.
XS
SM
MD
LG