Пайвандҳои дастрасӣ

"Амн Таҳрик" алайҳи сӯиқасд ба Малола эътироз кард


Дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, беш аз сад нафар дар намоиши эътирозӣ алайҳи сӯиқасд ба ҷони духтараки 14-сола Малола Юсуфзай ширкат доштанд. Намоишро “Амн Таҳрик”, як созмони муборизон барои сулҳ созмон дод. Рӯзи сешанбе бар асари ҳамлае, ки масъулияташро толибон бар ӯҳда гирифтанд, Малола аз сараш тир хӯрд. Табибон тирро аз сари ӯ берун карданд ва вазъашро “мӯътадил” арзёбӣ мекунанд.

Малола дар блогаш дар интернет бештар дар бораи рафтори ғайриинсонии толибон нисбати мардум менавишт.

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ сӯиқасд ба ҷони Малола Юсуфзайро маҳкум мекунад. Парвиз Ашраф, нахуствазири Покистон, бо маҳкумсозии ин ҳамла Малоларо “духтари Покистон” номид. Намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд ҳамларо “амали тарсуёна ва ваҳшиёна” арзёбӣ кард. Лайло Зарругӣ, намояндаи вижаи СММ дар умури ширкати кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона, низ ҳамла ба Малоларо шадидан маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG