Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Моликӣ: НАТО ба низоъ дар Сурия ҳамроҳ нашавад


Нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ аз НАТО хост, ки бо баҳонаи дифоъ аз Туркия вориди низоъ дар Сурия нашавад. Ал-Моликӣ, ки бо сафари серӯза дар Русия қарор дорад, хабарҳо дар бораи тирборони пайвастаи Туркия аз сӯи Сурияро такзиб кард ва Анқараро дар талоши вориди низои Сурия кардани НАТО айбдор намуд.
Рӯзи сешанбе НАТО эълом дошт, ки барои дар ҳоли зарурӣ ҳифз кардани Туркия омода аст.

Имрӯз Нурӣ ал-Моликӣ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин музокирот анҷом дод. Гуфта мешавад, ки дар меҳвари ин гуфтушунид баррасии мавзӯи харидории силоҳу таҷҳизоти низомии Русия, аз ҷумла, чархболҳо ва системи зидди ҳамлаи мушакӣ, ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар қарор дошт.
XS
SM
MD
LG