Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байнулмилал хостори раҳоии гурӯҳи Pussy Riot шуд


Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал хостори раҳоии ҳама се узви гурӯҳи Pussy Riot шуд.

Сергей Никитин, раиси намояндагии ин созмон ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки адолати додгоҳӣ пирӯз нашуд, ҳарчанд бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Маскав яке аз маҳкумшудагон Екатерина Самутсевич раҳо карда шуд. Ирина Хрунова, вакили дифои нави Самутсевич изҳор намуд, ки аъмоли фарди таҳти ҳимояти ӯ бояд алоҳида бозрасӣ шавад, зеро Самутсевич дар ниёиш дар калисо ширкат надошт – кормандони полис ӯро дар ҳоле боздошт карданд, ки ниқоб ба рӯй кашида бо ду нафари дигар ҳамроҳ шуданӣ буд.

Ҳукми додгоҳии Надежда Толоконникова ва Мария Алехина бетағйир боқӣ монд ва онҳо ду соли дигарро пушти панҷара сипарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG