Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

'Youtube" дар Тоҷикистон дубора боз шуд


Асомиддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз чаҳоршанбеи 10-уми август сомонаи видеоии «Ютуб» дар Тоҷикистон дубора фаъол шуд. Ба қавли ҷаноби Атоев, дар ибтидо онҳо дар чанд ширкати фароҳамкунандаи интернет масъалаи боз шудани Ютубро санҷиданд ва дақиқ шудааст, ки он бо роҳатӣ боз мешавад. Аммо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон изҳори бехабарӣ намуда, гуфтанд, ки имкон дорад, ки ин сомона фаъол шуда бошад. Сомонаи "Ютуб" ва чанд сомонаи дигар дар пайи ҳаводиси Бадахшон дар моҳи июл баста шуданд. Дар ин миён дастрасӣ ба чанд расонаи русӣ ва ВВС ҳам муваққатан қатъ шуда буд.

.
XS
SM
MD
LG