Пайвандҳои дастрасӣ

М.Платинӣ: "Барои рушди футболи тоҷик кӯмак хоҳем кард"


Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти UEFA Мишел Платинӣ,10-уми октябри соли 2012.

Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти UEFA Мишел Платинӣ,10-уми октябри соли 2012.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-уми октябр Мишел Платинӣ, президенти UEFA-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунию дурнамои футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти баланд ва рушди батадриҷи футбол дар Тоҷикистон ҳикоят карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ин намуди варзиш дар кишвари мо оммавияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва футболбозони тоҷик ба қуллаҳои баланди мусобиқоти бонуфузи он дастёб мешаванд.

Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа сурат гирифт.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво Эмомалӣ Раҳмон ва Мишел Платинӣ ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкорӣ доир ба рушди футбол таъкид намуданд.


Ба иттилои Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон, “ҳайати вакилони UEFA-ро бо роҳбарии Мишел Платинӣ имрӯз дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, истиқбол кард. Платиниро дар ин сафар узви кумитаи иҷроияи УЕФА Мариос Лефкаритис, ёвари президенти УЕФА Моника Мхитарян, мушовири президенти УЕФА Паскал Торрес ва дабири кулли Созмони футболи Озарбойҷон Элхан Мамедов ҳамроҳӣ мекунанд. Меҳмонон тӯли сафари кӯтоҳи кориашон бо вазъи футбол дар кишвар ошно мешаванд. Инчунин меҳмонон имрӯз аз Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ – макони баргузории марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 дидан карданд. Рӯзи 11-уми октябр, соати 10 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” нишасти матбуотӣ бо ширкати Мишел Платинӣ ва ҳамроҳонаш баргузор мешавад. Сафари Мишел Платинӣ ва ҳамроҳони ӯ ба Душанбе нимаи аввали рӯзи панҷшанбе ба анҷом мерасад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадшоев, собиқ футболбози машҳури мунтахаби Фаронса Мишел Платинӣ ба ҳайси раҳбари футболи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст. Меҳмонон, ки бо ҳавопаймои худ аз Бишкек ба пойтахти Тоҷикистон - Душанбе омаданд, нимаи аввали рӯзи 11-уми октябр озими Тошканд хоҳанд шуд.

Шарҳи мухтасари ҳоли Мишел Платинӣ

Мишел Платинӣ – футболбози фаронсавӣ, нимҳимоятгар. 21-уми июни соли 1955 дар шаҳраки Жёфи Фаронса ба дунё омадаст. Аз соли 2007-ум президенти УЕФА, соли 2011-ум ба муҳлати дувум интихоб шудааст. Қаҳрамони Аврупо (1984), барандаи Ҷоми ҷомдорони Аврупо (1984), барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо (1985), барандаи Суперҷоми Аврупо (1985), барандаи Ҷоми байниқитъавӣ (1985), барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (1986). Беҳтарин футболбози асри XX аз рӯи назархоҳии нашрияи “France Football”. Мишел Платинӣ ягона бозигарест, ки се сол пасиҳам бо ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” (1983 - 1985) мукофотонида шудааст.

Дар бошгоҳҳои футболи Фаронса - «Нанси» (1972-1979) 98 гол, «Сент-Этенн» (1979-1982), 58 гол ва «Ювентус» (1982-1987) 68 гол задааст. Платинӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Фаронса (1976-1986) муваффақона бозӣ карда, 41 гол ба самар расондааст. Соли 1984 мунтахаби Фаронса қаҳрамони Аврупо шуд ва Платинӣ 9 гол зад. Худи ҳамон сол ин футболбози машҳури дунё футболро тарк кард ва бо тиҷорат машғул шуд. Соли 1989-ум ӯ сармураббии дастаи мунтахаби миллии Фаронса таъйин гашт. Вале вазифаи мураббигӣ ба ӯ шӯҳрат наовард. Платинӣ соли 1998 дар баргузории мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Фаронса кӯмак кард. Соли 2002-юм ӯ ба узвияти кумитаҳои иҷроияи ФИФА ва УЕФА интихоб шуд. Моҳи январи соли 2007-ум Мишел Платинӣ президенти УЕФА интихоб гардид. Дар вазифаи нав ӯ ба ислоҳоти сохтори футболи аврупоӣ камар баст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG